LIVE

Роналду чорумин бозист, ки гол зада наметавонад

«Манчестер Юнайтед» дар даври 4-уми Ҷоми Англия аз тими «Мидлсбро» (1:1, аз пеналтӣ - 7:8) шикаст хӯрд.

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду силсилаи бозиҳои беголи худро ба чор бозӣ расонид.

Португалиягӣ, ки имрӯз, 5 феврал, 37-сола мешавад, ҳанӯз дар соли 2022 гол задааст. Бори охир 30 декабри соли 2021 дар бозии Премйер-Лига бо «Бёрнли» (3:1) гол зада буд.

Имрӯз Криштиану дар нимаи аввал ҷаримаи 11 метраро ба самар нарасонд. Дар силсилаи  пеналтӣ ӯ дақиқ баромад ва зарбаи 4-умро дар ҳайати дастааш анҷом дод.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив