LIVE

Ғалабаи "Истаравшан" ва "Равшан" дар Ҷоми ФФТ

Имрӯз 26 январ дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳилаи якум оғоз гардиданд.
Дар доираи бозиҳои гурӯҳи "А"   дастаи ноҳияи Зафаробод бо "Эсхата" бозӣ анҷом дод. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов бо ҳисоби калони 4:0 бар  ҳарифи худ ғолиб омаданд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ "Истаравшан" бо "Гулистон" рӯи майдон омаданд. Дар ин вохӯрӣ бозингарони шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:1 пирӯз гаштанд.
Бозиҳои гурӯҳӣ "Б" фардо доир мешавад. Дастаҳои "Спитамен" ва "Парвоз"  соати 12:00 вориди майдон мешаванд.
"ЭСХАТА"-И Хуҷанд 0:4 "РАВШАН" -И Зафаробод
"ИСТАРАВШАН"  3:1 "ГУЛИСТОН"  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив