LIVE

Мунтахаби Эрон футболбози калидиашро аз даст дод

Ҳамлагари дастаи «Зенит» ва тими миллии Эрон Сардор Озмун ба коронавирус мубтало шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон, Тасним, Азмун ва ҳимоятгар Эҳсон Ҳаҷсафӣ дар маҳалли ҷойгиршавии тими миллӣ аз санҷишҳои коронавирус гузаштанд, ки натиҷаашон мусбат баромад.

Рӯзи 27 январ тими миллии Эрон дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо тими Ироқ бозӣ мекунад. Рӯзи 1 феврал Эрон бо Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

Қаблан маълум шуда буд, ки Озмун бидуни огоҳии «Зенит» барои бастани шартнома бо "Байер" рафтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив