LIVE

"Барса" бобати Люк де Йонг қарори нав баровард

"Барселона" нақшаҳояшро бобати ояндаи Люк де Йонг иваз кард. Иҷораи ҳамлагари "Севиля" қатъ намешавад, клуби каталонӣ ҳамлагари 31-соларо то моҳи июн дар ҳайат нигоҳ медорад.

Де Йонг, ки дар се бозӣ пай дар пай гол зад, фикри роҳбарияти «Барса»-ро дар бораи худ тағйир дод. Бошгоҳи каталонӣ иҷораи ҳамлагарро қатъ намекунад. Роҳбарияти "нилунориҳо" пасандозҳоро барои трансфери Эрлинг Ҳоланд аз "Боруссия Дортмунд" тобистони оянда истифода хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки "Барса" аллакай дар бораи шартҳои рафтани де Йонг ба "Кадис"  бо "Севиля" ба мувофиқа расида буд, аммо ин созиш сурат намегирад.

Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар ҳайати "Барса" дар тамоми мусобиқаҳо 16 бозӣ анҷом дода, 4 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив