LIVE

"Барса" де Йонгро бозпас доданист, аммо "Севиля" намехоҳад

Ҳамлагари «Барселона» Люк де Йонг ба зудӣ фаъолияти худро дар дигар клуб идома медиҳад.
 Дастаи навбатии ин футболбози 31-сола эҳтимолан "Кадис" бошад.
 «Севиля», ки соҳиби де Йонг аст, дархости клуби каталониро дар бораи пеш аз мӯҳлат ба итмом расонидани шартномаи иҷора, ки то 30 июни соли 2022 ҳисоб карда шудааст, тасдиқ кард.
Ҳамин тариқ, ҳолландӣ то охири мавсим дар ҳайати «Кадис» ба иҷора бозӣ мекунад.
 Де Йонг бояд ин шартҳоро қабул кунад, то созишнома расман сурат гирад.  Се клуб аллакай дар ҳама чиз ба мувофиқа расиданд.
 Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагар дар ҳайати “Барселона” дар Ла Лига 9 бозӣ анҷом дода, як гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив