LIVE

Забиров рафту Чақалов омад

Футболбози тоҷик Фирдавс Чақалов дигарбора ба ҳайати  дастаи “Ҳуҷанд” баргашт. Дафтари матбуотии ин тими футболи кишвар хабар додааст, ки Чақалов бо мо шартномаи  нав ба имзо расонид ва мавсими ҷадид дар ҳайати “уқобон” баромад мекунад.  Фирдавс Чақалов беҳтарин ҳимоятгари Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуда буд. 
Мавсими гузашта муҳофизатгар дар дастаи Турони Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. 
Фирдавс Чақалов дастпарвари КМВА (ССКА) буда, аз соли соли 2018 то инҷониб бори сеюм аст, ки ба сафи “Хуҷанд” мепайвандад. Фирдавс дар ҳайати «Хуҷанд» 77 бозӣ анҷом додааст. Ӯ шумораи  21-умро интихоб кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив