LIVE

Бозигари "ПСЖ" фаъолияташро дар “Барселона” идома медиҳад

Ниммуҳофизатгари "ПСЖ" - Юлиан Дракслер имкон дорад, ки тағйири даста намояд. 
Ба иттилои El Nacional, ба ин футболбози 28-солаи олмонӣ тими “Барселона” таваҷҷӯҳ дорад. “ПСЖ Дракслерро бозигари калидии худ намеҳисобад. Парижиҳо омодаанд, ки ӯро ба маблағи 15 миллион евро ба дилхоҳ тими дигар бифиристанд. 
Дар мавсими ҷорӣ Дракслер 14 бозӣ карда, ба задани 2 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст.
Дракслер аз январи соли 2017 дар клуби “Пари Сен-Жермен” бозӣ мекунад. Шартномаи футболбози олмонӣ бо бошгоҳи парижӣ ба муҳлати 4,5 сол баста шудааст. Маблағи интиқоли Дракслер аз дастаи “Шалке”  чаҳор сол қабл 35 млн евро ва ҳамзамон 10 млн еврои дигар ҳамчун мукофот пешбинӣ шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив