LIVE

Ба футболбози "Манчестер Сити" ҳамла карданд

Ҳимоятгари 27-солаи португалии тими “Манчестер Сити”-и Англия Жоау Канселу мавриди ҳамлаи чаҳор нафар ғоратгар қарор гирифт.
Футболбоз кӯшиш кард, ки ба ҷинояткорон муқобилият кунад ва дар натиҷа аз чеҳрааш осеб дид.

“Мутаассифона, имрӯз чаҳор тарсончак ба ман ҳамла карданд, маро озор доданд ва хостанд ба хонаводаам осеб расонанд. Вақте ки муқовимат мекунӣ,  ҳамин хел мешавад. Онҳо тавонистанд, ки тамоми ҷавоҳироти маро гирифта, рӯи маро ба ин ҳолат расонанд. Ман намедонам, ки чӣ гуна чунин одамони зишт вуҷуд доранд.

Аз ҳама муҳим барои ман оилаам аст ва хушбахтона онҳо хубанд. Пас аз монеаҳои зиёде дар ҳаёти ман, ин ҳам танҳо як монеаи дигаре аст",- мегӯяд Канселу дар Instagram.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив