LIVE

Рио Фердинанд: "Агар МЮ бо "Сити" ҳамин хел бозӣ кунад, 5 гол мехӯрад"

Рио Фердинанд дар бораи ҳунарнамоии «Манчестер Юнайтед» бар зидди бошгоҳи итолиёвӣ "Аталанта" (2:2) изҳори назар кард. Ба гуфтаи собиқадор, бо чунин бозӣ "девҳои сурх" дар даври навбатии Лигаи чемпионҳо сарафканда хоҳанд шуд. 

Онҳоро «Манчестер Сити» интизор аст."Манчестер Юнайтед" наметавонад чӣ тавре ки дар қисми дуюм бо "Аталанта" бозӣ кард, ҳамон гуна  бо  "Сити" рақобат кунад. Агар ҳамин хел кунад, боз ноком хоҳад шуд.
Се, чор ё панҷ гол хоҳанд хурд. Онҳо якдил нестанд. Ба таври тасодуфӣ рафтор карданд. Бетартибӣ вуҷуд дошт. Дар Бергамо, ҳамааш ба дурахши ҳунари инфиродӣ рост омад. Ин дафъа Роналду наҷот дод”,- гуфт Фердинанд. 
Бозӣ бар зидди "Манчестер Сити" метавонад аз нуқтаи назари дурнамои ояндаи Оле Гуннар Сулшер ҳалкунанда бошад. Дастаҳо  6 ноябр бозӣ  мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив