LIVE

Беэҳтиромии "ПСЖ" нисбати Лео Месси

Собиқ ҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Рио Фердинанд дастаи “ПСЖ”-ро барои ҳангоми иҷро намудани зарбаи ҷаримавӣ дар пушти девор хобонидани Лео Месси танқид кард.

"Дар лаҳзае, ки Маурисио Почеттино аз Месси ин корро ҳангоми тамрин талаб мекард, касе бояд ба он ҷо рафта ва мегуфт: "Не, не, не, не, бо Лео Месси ин корро накунед". Шумо ин корро карда наметавонед. Ин беэҳтиромӣ аст, ман намегузорам. Агар ман дар ин даста мебудам, мегуфтам: "Не, ман ба ҷойи ту мехобам". Ман намегузоштам, ки вай дар паси девор бихобад. Ин он амале нест, ки Месси бояд кунад. Вай набояд пироҳани худро ифлос намояд”, - иқтибос меорад аз суханҳои Фердинанд Daily Mail.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив