LIVE

Месси баъди Пике аз гиребони Абидал дошт

Сарвони «Барселона» Лео Месси ба суханони директори варзишии даста Эрик Абидал ҷавоб гардонид. Қаблан собиқ дифоъгари каталониҳо иқрор омада буд, ки муҳит дар дохили даста хеле бад аст ва бештаре аз футболбозон боқӣ мондани Эрнесто Валвердеро намехостанд.

"Агар шумо дар бораи ҳамаи футболбозон гуед, бояд, ки номи он шахсро ҳатман ошкор кунед. Агар шумо, ки ин корро накунед, ҳар яки мо ҷосусиро дар худамон мебинем",- навиштааст Лео дар саҳифаи инстаграмаш.

Ёдовар мешавем, ки сар аз оғози мавсим нофаҳмии бузург дар ҳайати “Барселона” идома дорад. Рӯзе қабл мо шоҳиди нофаҳмӣ байни Месси ва Пике гардида будем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив