LIVE

Барои чӣ "Барса" трансфери Торресро эълон намекунад?

Нозукиҳои бюрократӣ ба «Барселона» имкон намедиҳанд, ки муомила бо ҳамлагари «Манчестер Сити» Ферран Торресро ба анҷом расонад. Ба навиштаи Mundo Deportivo,  "нилунориҳо" мунтазири ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз Англия мебошанд. Баъди қабули онҳо клуб расман трансфери футболбози 21-соларо эълон хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҷузъиёти гузариш комилан мувофиқа шуда, форварди испанӣ аллакай аз муоинаи тиббӣ гузаштааст.
Интизор меравад, ки "Барса" барои Торрес 55 миллион евро ва то 10 миллион евро бонус пардохт мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив