LIVE

Аз Месси ҳам зиёд:"ПСЖ" ба Мбаппе маоши баланд пешниҳод кард

Тибқи иттилои RMC Sport, "Пари Сен-Жермен" ҳоло ҳам кӯшиш мекунад, ки ҳамлагар Килиан Мбапперо нигоҳ дорад.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи фаронсавӣ ба ин бозигар маоши баландтаринро дар даста пешниҳод кардааст. Дар айни замон бозингари сердаромади "ПСЖ" ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси мебошад, ки дар як сол ҳудуди 55 миллион евро пеш аз пардохти андоз ба даст меорад.
Мбаппе ҳанӯз омода нест, ки ба ин пешниҳоди "ПСЖ" ҷавоб диҳад. Ӯ тобистон тасмим мегирад, аммо пул барои ӯ аҳамият надорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки форвард мехоҳад ба "Реал Мадрид" биравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив