LIVE

Шикасти "Барселона" аз "Бока Хуниорс"

Дастаҳои «Барселона» ва «Бока Хуниорс» дар Ҷоми Марадона ба хотираи футболбози афсонавии аргентинӣ, ки дар ҳарду бошгоҳ бозӣ кардааст, дидори дӯстона баргузор карданд. Набарди дастаҳо дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 50-уми бозӣ ҳамлавари ҷавони “нилунориҳо” Ферран Жуҷла ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 77-ум бошад, Эзекел Себалос натиҷаро баробар кард. Ҳамин тавр тақдири вохӯрӣ дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра ҳал шуд, ки дар натиҷаи дастаи аргентинӣ бо натиҷаи 4:2 пирӯз шуда, барандаи Ҷоми Марадона-2021 гардид.
Марадона 25 ноябри соли 2020 дар синни 60-солагӣ даргузашт.
Собиқ нобиғаи футболи муосир дар гузашта дар дастаҳои «Аргентинос Хуниорс», «Бока Хуниорс», «Нюэллс Олд Бойз», «Барселона», «Севия» ва «Наполи» бозӣ кардааст.

Ҷоми Марадона-2021

«Барселона» — Нето, Лангле, Эрик Гарсия, Балде, Пуч, Алваро Санс, Дани Алвес, Коутинйо, Дест, Жуҷла, Демир.

«Бока Хуниорс» — Росси, Адвинкула, Рохо, Искердос, Фабра, Рамирес, Кардона, Кампусано, Алмендра, Виля, Васкес.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив