LIVE

"Барселона" барои трансфери зимистона қарз ҷустуҷӯ дорад

"Барселона"  бо фонди сармоягузории CVC гуфтушунид дорад,  хабар медиҳад Diario Sport.

Бошгоҳи каталонӣ барои трансфери зимистона мехоҳад, аз ин фонд қарз бигирад.

Дар ин музокирот бонки сармоягузории Goldman Sachs миёнаравӣ мекунад, ки моҳи август ба клуб 595 миллион евро маблағ ҷудо кардааст. Goldman Sachs ҳам бо "Барселона" ва ҳам бо CVC муносибатҳои хуб дорад, аз ин рӯ ба ҳамкории бомуваффақонаи тарафҳо манфиатдор аст.

Хабар дода мешавад, ки гуфтушунидҳои "нилунориҳо" ва CVC торафт барор мегиранд ва тарафҳо ба созиш наздик мешаванд.

Қаблан, "Барселона" дар якҷоягӣ бо "Реал Мадрид" ва "Атлетик" ба созишномаи ба наздикӣ тасвибшудаи Ла Лига бо CVC мухолифат карда буданд, ки тибқи он клубҳои Ла Лига ва Сегунда тақрибан 2 миллиард евро мегиранд, аммо барои ин онҳо 8% -и даромади тичоратӣ   ва 11 фоизи ҳуқуқҳои аудиовизуалиро муддати 50 сол пардохт кунанд.

"Реал Мадрид", "Барселона" ва "Атлетик" ба ин созишнома мухолифат карданд ва кӯшиш карданд, ки аз он шикоят кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив