LIVE

Мактаби №64 - ғолиби "Тӯби чармин-2021"

Қисмати ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2008-2009 бо пирӯзии мактаби миёнаи рақами 64-и шаҳри Душанбе  анҷом ёфт.

Дар финал дастаи мактаби миёнаи №64-и пойтахт  дар силсилазарбаҳои 11 метра бо ҳисоби 5:4 бар гимназияи Шораҷабови шаҳри Истаравшан (вақти асосӣ – 2:2) ғолиб омад.

Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм бачаҳои мактаби миёнаи рақами 3-и Шаҳринав аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ (3:2) бар дастаи гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд ғолиб омаданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ғолибону ҷоизадорон, бехтарин бозингарон бо ҷом, диплом, медал ва мукофотхо қадрдонӣ  шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив