LIVE

Пирӯзии наврасони истаравшанӣ дар Ӯзбекистон

Аз 4-ум то 9-уми май дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбакистон мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2009-2010 бахшида ба рӯзи  коргарони соҳаи металлург доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур даспарварони мактаби варзишии  рақами 1-и шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии мураббии шоистаи Тоҷикистон Асрор Шораҷабов баромад намуданд.
Намояндагони вилоят дар бозии гурӯҳӣ бар  дастаҳои "Самаруанд"  2:0, "Насаф" 2:0 ғолиб омаданд.
Дар даври ниманиҳоӣ дастаи "Олмолиқ-1"-ро  бо ҳисоби 1:0 шикаст дода ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар бозии ниҳоӣ бо соҳибони майдон дастаи "Металлург"  вохурӣ гузарониданд. Вақти асосӣ мусовӣ 1:1 ба охир расид ва дар задани зарбаҳои ҷаримавӣ бо ҳисоби 4;3 пирӯз гардида, соҳиби Ҷоми ин мусобиқа гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив