LIVE

Барои чӣ Азар намехоҳад аз "Реал" биравад?

«Реал» нақша дорад аз нимҳимоятгари белгиягӣ Эден Азар халос шавад, хабар медиҳад нашрияи AS.

Ба иттилои манбаъ, дастаи шоҳона ҳар як пешниҳодро нисбати  Эден меомӯзад. Даста мефаҳмад, ки белгиягӣ дигар наметавонад дар он сатҳе, ки дар баробари "Челси" нишон дода буд, бозӣ кунад.

Қайд мешавад, ки бозигар 30 миллион евро ба даст меорад ва бо Гарет Бейл бозингари сердаромадтарини даста мебошанд. Музди баланди Азар барои харидорони эҳтимолӣ мушкилии аввалиндараҷа  аст.

«Мадрид» ҳатто омода аст, ки белгиягиро дар трансфери моҳи январ ба иҷора диҳад.

Аммо дар ин чо хам мушкилие мавчуд аст, зеро худи Азар дар зимистон ичора рафтан намехохад. Ба қарибӣ фарзанди панҷуми ӯ дар оилааш таваллуд мешавад ва бозигар мехоҳад, ки фарзандаш дар Испанияба дунё ояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив