LIVE

Хави се футболбозро ба фурӯш гузошт

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” Хави тасмим гирифт, ки чанд бозигари ҳайати асосиро фурӯшад, хабар медиҳад The Sun бо истинод ба рӯзноманигор Жерар Ромеро.

Ба иттилои манбаъ, «нилунориҳо» мехоҳанд бо дарвозабон Марк-Андре тер Штеген, ҳимоятгар Сержиню Дест ва нимҳимоятгар Френки де Йонг ҷудо шаванд.

Хави аз бозии ин бозигарон норозӣ аст ва бовар дорад, ки дар лоиҳаи ояндаи бошгоҳ барои онҳо ҷой нест. Илова бар ин, аз фуруши  онҳо пул кор кардан мумкин аст, то дастаро пурзӯр созанд.

Трансфермаркт нархи Тер Штегенро  55 миллион евро, Дестро 30 миллион евро ва  де Йонгро  90 миллион евро муайян кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив