LIVE

Беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон кӣ шуд?

Ҳамлагари 31-солаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов барои севумин бор дар корномаи худ беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ гардид. Қаблан ӯ дар Чемпионати Тоҷикистон дар солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин нишонзан шуда буд.
Дар мусобиқаи сиюмин қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 Манучеҳр Ҷалилов 18 гол зад. Рустам Соиров («Истиқлол») бо 15 гол дуюм шуд. Ҷойи севумро капитани “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов бо 13 гол ишғол кард. Баъдан Алишер Ҷалилов («Истиқлол») ва Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), ки ҳар кадом 12-голӣ задаанд.
Ҳама голзанҳои чемпионати Тоҷикистон дар таърихи баргузориаш. 
1992- Умед Алидодов (Помир, Душанбе) – 11 гол.
1993 - Холмурод Зардов (Помир, Душанбе) – 30 гол.
1994 - Давлат Содиқов ("Хулбук", Восеъ) - 26гол.
1995 - Зокир Бердиқулов (“Истаравшан”) - 42 гол.
1996 - Муҳиддин Иззатуллоев (Равшан, Кӯлоб) - 35 гол.
1997 - Рустам Усмонов ("Вахш", Қӯрғонтеппа) - 21 тӯб.
1998 - Назиршо Ризомов (“Саддам”, Сарбанд) - 25 тӯб.
1999 - Ораз Назаров (Варзоб, Душанбе) - 27 гол.
2000 - Мансур Ҳакимов “Хуҷанд” - 28 гол.
2001 - Пирмурод Бурҳонов “Регар-ТадАЗ”, – 20 тӯб.
2002 - Ҷомихон Муҳиддинов “Хуҷанд”, - 29 гол.
2003 - Осим Бобоев “Регар-ТадАЗ” - 38 гол.
2004 - Сӯҳроб Ҳамидов “Регар-ТадАЗ” - 33 гол.
2005 - Аҳтам Ҳамроқулов ("Вахш", Қӯрғонтеппа) - 12 гол.
2006 - Фозил Сатторов (Тоҷиктелеком, Қӯрғонтеппа) - 20 гол.
2007 - Сӯҳроб Ҳамидов (Хима, Душанбе) - 21 гол.
2008 - Нӯъмон Ҳакимов “Парвоз”, Б. Ғафуров - 30 гол.
2009 - Нӯъмон Ҳакимов ("Вахш", Қӯрғонтеппа) - 15 тӯб.
2010 - Юсуф Рабиев “Истиқлол” - 30 гол.
2011 - Юсуф Рабиев “Истиқлол” - 32 гол.
2012 - Дилшод Восиев “Истиқлол” - 24 гол.
2013 - Ҳусейни Сӯҳробӣ “Истиқлол”- 11 гол.
2014 - Дилшод Восиев “Истиқлол” - 15 гол.
2015 - Манучеҳр Ҷалилов “Истиқлол” - 22 гол.
2016 - Манучеҳр Ҷалилов “Истиқлол”- 22 гол.
2017 - Дилшод Восиев “Истиқлол” - 16 гол.
2018 - Шериддин Бобоев “Истиқлол” - 12️⃣ гол.
2019 - Шериддин Бобоев “Истиқлол” - 16 гол.
2020 - Илҳом Баротов “Истаравшан” - 18 гол.
2021 - Манучеҳр Ҷалилов “Истиқлол”- 18 гол.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив