LIVE

Месси муносибатҳояшро бо Рамос дар "ПСЖ" шарҳ дод

Ҳамлагари аргентинии «Пари Сен-Жермен» Лионел Месси дар бораи муносибаташ бо ҳимоятгари испании бошгоҳи фаронсавӣ Серхио Рамос сухан кард.

"Дар аввал ман эҳсоси аҷибе доштам, зеро мо солҳои тӯлонӣ бо Рамос рақобат мекардем, мо капитанҳои "Реал Мадрид" ва "Барселона" будем, мо дар майдон ин қадар задухӯрдҳо доштем. Аммо ин ҳама дар Испания боқӣ монд.  Бо вуҷуди рақиб будан мо ҳамеша ҳамдигарро  эҳтиром мекардем. Умедворем, ки ӯ ба зудӣ бармегардад ва ба ПСЖ дар мубориза барои ҷоизаҳо кӯмак мекунад.
Дуруст аст, ки мо пештар чандон муошират намекардем, вале холо мо дар Париж хастем ва бештар муошират мекунем. Вай як шахси бузург аст", - иқтибос овардааст Marca аз суханони Месси.

Дар мавсими ҷорӣ Мессии 34-сола дар ҳайати «ПСЖ» 9 бозӣ анҷом дода, 4 гол ва як ассист кардааст. Рамоси 35-сола ягон бозӣ накардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив