LIVE

Рамос билохира ба майдон бармегардад

Дифоъгари нави дастаи «ПСЖ» Серхио Рамос рӯзҳои наздик ба ҳайати асосии дастааш бармегардад. Ба маълумоти Le Parisien испании 35 сола худро хуб ҳис намуда, ҷароҳаташро пурра бартараф намудааст. Эҳтимол аст, ки Серхио Рамос дар даври 12-ум бар зидди «Лилл» ба майдон барояд.
Ёдрас мекунем, ки собиқ ҳимоягари “Реал Мадрид” Серхио Рамос тобистони соли гузашта ба ҳайси агенти озод ба бошгоҳи парижӣ пайваст, аммо то ҳол дар дастаи наваш ягон бозӣ накардааст. Вохӯрии «ПСЖ» ва «Лилл» бошад рӯзи 29 октябр соати 23:55 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив