LIVE

Хонаи Ансу Фати замоне ғорат шуд, ки аҳли оилааш футбол медиданд

Бино ба иттилои хабаргузории Marca, хонаи футболбози «Барселона» Ансу Фатиро ҳангоми бозии даври 14-уми Чемпионати Испания бо дастаи «Эспанйол» ғорат кардаанд. Дуздон ба ошёнаи боло ворид шуда, аз онҷо пул, ҷавоҳирот ва соатҳоро бо худ бурданд ва ин ҳам дар ҳоле аст, ки оилаи бозигар дар меҳмонхона дар ошёнаи якум бозиро тавассути телевизион тамошо мекарданд. Бархе аз садоҳо хешовандони Ансу Фатиро ҳушдор доданд, ки фавран полисро даъват карданд. Вақте ки посбонҳо омаданд, дуздон аллакай ғайб зада буданд. Ҳамзамон, сигнализатсия ва камераҳои назоратӣ хомӯш карда шуданд. Ин аввалин бозии “Барса” бо сармураббии нав - Хави буд. Мутахассиси 41-сола ду ҳафта пеш дастаи “Барселона”-ро ба ӯҳда гирифт ва ба ҷои Роналд Куман баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив