LIVE

"Душанбе" Лигаи олиро тарк мекунад

Ду давр пеш аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон-2021  аввалин дастае, ки ҳуқуқи  мондан дар Лигаи олиро аз даст дод, маълум шуд. Дастаи “Душанбе” Лигаи олии Тоҷикистонро тарк кард. Дар даври 25-уми мусобиқот  дастаи "Душанбе" аз тими "Истиқлол" бо ҳисоби бузурги 0:8 ноком шуда, аз имкони боқӣ мондан дар Лигаи олии кишвар маҳрум шуд. Дастаи дуюме, ки Лигаи олиро тарк мекунад, ҳоло маълум нест. Дар минтақаи хатарнок дастаҳои «Эсхата», «Файзканд» ва «Куктош» қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив