LIVE

Дани Алвес бо пойи луч ба "Камп ноу" омада, сабзаро бӯй кард

Ҳимоятгари дастаи каталонии “Барселона” Дани Алвес, ки чанде пеш ба даста баргашт, ҳангоми муаррифии худ як порчаи сабзаи "Камп ноу"-ро бӯй кард.

"Аз ин бӯи "Камп Ноу" мерасад! Бӯи унвонҳо! Бӯи ҷоизаҳо дорад!”,-шӯхӣ карда, шарҳ дод Алвес. 
Ҳамчунин Дани Алвес ба маросими муаррифӣ бо  пойи луч омад.
«Баъзе чизхо тағйир меёбанд, дигарон бетағйир мемонанд», — гуфт футболбоз. Гап дар сари он аст, ки Алвес бори нахуст соли 2008 ба унвони як бозигари тими “Барселона” дар назди мардум бо пойи луч баромада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив