LIVE

Бохти мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Ин бозӣ шаби 16-уми ноябр дар варзишгоҳи "Остона-Арена"-и шаҳри Нур-Султон баргузор шуд. Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайдарпайи ҷонибҳо гузашт. Ҳарчанд тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони тоҷик буд, лаҳзаҳои хуби голзанӣ хеле кам ба чашм расид.
Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайниддинов, легионери 23-солаи мизбонон, ки феълан дар бошгоҳи ССКА-и Маскав бозӣ мекунад, дар дақиқаи 12-ум зад. Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода кард ва тӯбро аз  ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. 

Бозии дӯстона
Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Бахтиёр Зайнутдинов, 12.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив