LIVE

РАСМАН: Хави сармураббии нави "Барселона"

"Ал-Садд" хабар дод, ки  Хави ба Барселона рафтааст. "Нилунориҳо"  пас аз пардохти маблағи ҷубронӣ метавонанд бо мутахассис шартнома банданд.

«Маъмурияти "Ал-Садд" розӣ шуд, ки Хавиро пас аз пардохти ҷубронпулӣ ба "Барселона" гусел кунад. Мо инчунин розӣ шудем, ки дар оянда бо "Барселона" ҳамкорӣ кунем. Хави як ҷузъи муҳими таърихи "Ал-Садд" аст ва мо ба ӯ саломатӣ таманно дорем",- омадааст дар  саҳифаи "Ал Садд" дар Твиттер.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Хави бо раҳбарияти бошгоҳи Қатар қарордод дорад, ки тибқи он дар сурати ворид шудани пешниҳод аз яке аз клубҳои олӣ, ӯ озод хоҳад шуд. Бино ба хабари матбуот, дирӯз гуфтушуниди ниҳоии "Ал-Садд" ва "Барселона" баргузор шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив