LIVE

“Хатлон” дар майдони худ “Эсхата”-ро шикаст дод

Дар даври 24-уми Лигаи олии футболи мамлакат тими “Хатлон” бо дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом дод. Голи нахустин дар дақиқаи 7-уми рақобат аз ҷониби бозингарони соҳибони майдон кушода шуд. Нимуҳофизатгари дастаи “Хатлон” Сорбон Авғонов тӯбро дохили дарвозаи “Эсхата” намуд. Дар дақиқаи 35-уми ракобат - Ҷаҳонгир Эргашев аз хайати тими меҳмонон бо голи задаи худ таносубро баробар намуд. Дар дақиқаи 85-ум Парвиз Баки Ахунов аз партофти хамдастааш истифода бурда, тӯбро дохили дарвозаи тими “Эсхата” намуда, ғалабаи тимашро таъмин сохт. Хамин тарик вохӯрии тимҳои “Хатлон” ва “Эсхата” бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди соҳибони майдон ба анҷом расид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив