LIVE

Силсилаи бозиҳои бебохти КМВА барҳам хурд. Шикасти "Истаравшан" ва ғалабаи "Хатлон"

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марказии даври 24-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон тими КМВА-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб намуд. Голҳои мизбононро Рёта Нома (дақ.6), Андрей Мишенко (дақ.16) ва Шервонӣ Мабатшоев (дақ.21 аз пеналтӣ) ба ҳадаф расонданд. Голи ягонаи меҳмононро  Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 70-ум зад.
Маврид ба ёдоварист, ки КМВА пас аз 12 бозӣ бори аввал дучори бохт шуд. Пас аз ин ғалаба «Истиқлол» мавқеи худро дар ҷадвали Лигаи олии мамлакат тақвият бахшида, бо ба даст овардани 55  имтиёз ҳамоно садрнишин мебошад. 


Лигаи олии футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум
«Истиқлол» - КМВА - 3:1
Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналтӣ (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 – с пеналтӣ (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1
Голҳо: Сорбон Авгонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Баки-Ахунов, 85 (2:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив