LIVE

Кова Тилавпур: "Эҳсони Панҷшанбе ба Премйер Лига меравад"

Агенти футбол Кова Тилавпур дар бораи таваҷҷӯҳи бошгоҳҳои Русия ба яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик - Эҳсони Панҷшанбе суҳбат кард. Дар ин бора сомонаи Матч ТВ хабар медиҳад.

Оё ҳақиқат аст, ки дастаи «Химки» ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ намудааст?

"Бале ҳамаи ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Бисёриҳо ба Эҳсон таваҷҷуҳ доранд. Ӯ яке аз беҳтарин футболбозони Тоҷикистон ва беҳтарин бозигари ҷавони кишвар аст. Ба назари ман имрӯз ӯ боистеъдодтарин нимҳимоятгари Осиёи Марказӣ аст. Бо дархости «Химки» чанд агенти Русия бо ман тамос гирифтанд. Ба назар чунин менамуд, ки ҳама чиз хуб пеш меравад, аммо ваъдаҳо ва изҳороти пурсарусадои ҳамкасбони рус афсонавӣ буданд. Ба ғайр аз дастаи «Химки» мо аз «Тамбов» дархост доштем, вале дар рафти гуфтушунид тарафҳо розӣ нашуданд. Гузариши Панҷшанбе ба яке аз бошгоҳҳои Суперлигаи Туркия ба эҳтимоли зиёд ба назар мерасид, вале бошгоҳи феълии Эҳсон «Навбаҳори»-и Ӯзбекистон аз маблағи пешниҳодкардаи туркҳо қаноатманд набуд. Умедворам, ки Эҳсонро дар яке аз клубҳои пурқуввати Русия мебинем. Шартнома бо «Навбаҳор» то охири соли 2022 эътибор дорад".


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив