LIVE

Ҷерард, Эмери ё Мартинес? Кӣ арзандаи "Нюкасл" аст?

Пас аз иваз шудани молики дастаи «Нюкасл» бештари мутахассисон ва футболбозон мехоҳанд, ки дар ин даста фаъолият кунанд. Ҳоло роҳбарияти даста ният дорад, ки сараввал ба ҳайати тим аз графигарии Нортумберленд ягон сармураббии ҳирфаиро даъват намояд.
Сарчашмаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ менависанд, ки ҳоло номзадии се мутахассис барои ишғоли курсии сармураббигии «Нюкасл» пешниҳод шудаанд, ки мавриди баррасӣ қарор доранд. Ба рӯйхати мазкур Стивен Ҷеррард, Унаи Эмери ва Роберто Мартинес шомиланд. Ҷолибаш ин аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳарсеи мураббӣ ба кор банд мебошанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳама мушкилотро маблағи ҳангуфт ҳал мекунад ва дар сурати пешниҳоди он ҳар кадоме аз мутахассисон қарордоди навро рад намекунанд. Аз миёни номзадҳои ёдоваршуда Стивен Ҷеррард дастаи “Рейнҷерс”-ро ба ҷоизаи дуввуми худ мебарад, Унаи Эмери бошад, “Вилярреал”-ро рушд медиҳад ва Роберто Мартинес бо мунтахаби Белгия ба Ҷоми ҷаҳон омодагӣ мебинад.
Саволи асосӣ ин аст, ки роҳбарияти даста ба кадоме аз мутахассисон таваҷҷуҳи бештар дорад? Оё ба фикри шумо ягоне аз ин мураббиён барои тамрин додани «Нюкасл» арзанда буда метавонад?

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив