LIVE

Неймар, Рамос ва Паредес бо "Лейптсиг" рақобат намекунанд

Сомонаи расмии дастаи “ПСЖ” хабар медиҳад, ки дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар зидди «РБ Лейптсиг» чанде аз ситораҳои асосии "ПСЖ" ба майдон баромада наметавонанд.
Неймар, ки ҳафтаи гузашта аз тими миллии Бразилия баргашт каме ҷароҳат гирифтааст. Паредес ҳангоми бозӣ дар Аргентина лат бардошт ва пас аз танаффус барои тимҳои миллӣ моҳи оянда ба майдон бармегардад. Рамос, ки дар ин мавсим ягон маротиба дар ҳайати “ПСЖ “бозӣ накардааст, ҳоло пурра барои бозӣ омода нест.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои “ПСЖ” ва «РБ Лейптсиг» имрӯз, 19-уми октябр соати 23:55 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Онро шабакаи "Футбол" мустақиман намоиш медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив