LIVE

Рамос бармегардад! Ӯ дар бозӣ бо «Боруссия М» иштирок мекунад ё не?

Ҳимоятгари «Реал Мадрид» Серхио Рамос ҷароҳат бардошта буд ва дар чанд бозии муҳим ба дастааш кӯмак карда натавонист. Нашрияи Marca хабар медиҳад, ки ӯ пурра аз ҷароҳат барқарор шудааст.
Қайд карда мешавад, ки ҳимоятгари 34-сола алакай дар тамринҳои гурӯҳӣ иштирок карда истодааст ва омода аст, ки дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо зидди «Боруссия Мёнхенгладбах» ба майдон барояд.
«Дастаи шоҳона» санаи 9-уми декабр бо дастаи олмонӣ рақобат мекунад. Оғози вохӯрӣ — 23:00 ба вақти Москва.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив