LIVE

Мунтахаби Олмон ба марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2022 роҳхат гирифт

11-уми октябр бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “J” баргузор шуданд. Дар яке аз вохӯриҳо мунтахаби Олмон бар тими Македонияи Шимолӣ бо натиҷаи 4:0 дастболо шуд. Дар ин рақобат голҳоро Тимо Вернер (дубл), Кай Хавертс ва Ҷамол Мусиала ба ҳадаф расониданд. Пас аз ин пирӯзияш Олмон аввалин шуда,  ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон -2022 дар Қатар роҳхат гирифт.  
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур тими миллии Руминия бо тими Арманистон бозӣ кард. Руминиҳо дар ин бозӣ  бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Митритсэ ба самар расонд. Дар бозии ниҳоӣ аутсайдерҳои гурӯҳ - Исландия ва Лихтенштейн вохӯрданд. Мунтахаби скандинавӣ рақибашро бо ҳисоби 4:0 бидуни мушкил мағлуб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив