LIVE

Неймар: "ЧҶ-2022 бароям охирин аст..."

Ҳамлавари тими миллии Бразилия ва дастаи “ПСЖ” Неймар мегӯяд, ки Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар охирон дар фаъолияти варзишиааш дар футболи бузург мебошад.
"Ман фикр мекунам, ки ин охирин қаҳрамонии ҷаҳон бароям аст. Аз ин рӯ тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам, то хуб ҳунарнамоӣ намуда, якҷоя бо кишвари худ пирӯз шавам ва орзуи кӯдакии худро амалӣ созам. Намедонам, дигар қувватам барои идомаи ҳунарнамоӣ мерасад ё на. Умедворам, ки ман метавонам ба ин натиҷа ноил шавам",- мегуяд Неймар.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол Неймар бо мунтахаби Бразилия дар қаҳрамонии ҷаҳон муваффақ нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив