LIVE

"Барселона" то ба ҳол барои гузаришҳои ду сол пеш қарздор аст

"Барселона" зери роҳбарии Жоан Лапорта тавонист қарзҳоро 28% кам кунад, аммо қарзҳои ҳануз пардохт нашуда, дар назди даста зиёданд.  Масалан, нашрияи бонуфузи испанӣ Marca маълумоти ҷолибро дар бораи қарзи клуб аз гузаришҳо мубодила кард. Маълум шуд, ки каталонҳо то имрӯз натавонистаанд маблағи гузаришҳоро, ки як -ду сол пеш анҷом дода буданд, пардохт кунанд.
Ҳамин тариқ, каталониҳо бояд ба "Ювентус" барои Миралем Пйянич 39 миллион евро, барои Фрэнки де Йонг ва Сержино Дест ба "Аякс" 48 миллион ва инчунин барои Филиппе Коутиню, ки соли 2018 аз “Ливерпул” ба Каталония кӯчид 13 миллион пардохт кунанд. 
Ёдовар мешавем, ки қарзи умумии “Барселона” ба 1,35 миллиард евро расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив