LIVE

Имрӯз тими миллии занони Тоҷикистон бо Ветнам бозӣ мекунад

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон имрӯз бозии ниҳоиро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" анҷом медиҳад.
Ветнам рақиби тими мо хоҳад буд. Барои ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтан тими миллии Тоҷикистонро дар вохӯрии имрӯза танҳо пирӯзӣ қонеъ хоҳад кард.
Бозии Ветнам - Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. 
Дар дидори аввал хубони футболбози ветнамӣ ба дарвозаи мунтахаби занонаи Молдив бо ҳисоби бузурги 16 бар 0 ғолиб шуданд. Тими миллии футболи занона бошад бар тими Молдив бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив