LIVE

Нишондоди ҷолиби Луис Суарес

Дар бозии даври 6-уми Ла Лигаи Испания ҳамлагари дастаи “Атлетико Мадрид” Луис Суарес ба задани 2 гол даст ёфта, ғалабаи дастаашро таъмин сохт. Ҳамлагари уругваӣ баъди ин бозӣ натиҷаи ҷолиберо ба қайд гирифт.

Аз рӯи иттилои El Pais Луис Суарес дар тамоми дақиқаҳои бозӣ ба задани гол даст ёфтааст. Ягона дақиқаи 78-ум буд, ки Суарес пештар ба задани гол даст наёфта буд. Дар бозии гузашта ӯ дар дақиқаи 78-ум ва 90+1 голзанӣ намуд. Ҳамин тавр, Луис Суарес аз дақиқаи 1-ум то 90+7-уми тавонистааст дарвозаи ҳарифонро рахна кунад.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив