LIVE

Куман: Месси ҳама чизро дар “Барселона” зери сояи худ гирифта буд

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман дар бораи ҳамлагари собиқи каталонӣ Лионел Месси, ки ҳоло дар ПСЖ бозӣ мекунад, назарашро чунин баён кард.
"Месси ҳама чизро дар “Барселона” таҳти сояи худ қарор дода буд. Ӯ тамоми мушкилоти клубро бо сифати хуби бозӣ ва самаранокии худ пӯшонда буд. Вай хеле хуб буд ва даста бо талоши ӯ ғолиб мешуд. Албатта, ҳамеша дар атрофи Лионел бозигарони хуб буданд, аммо ӯ нақши муайянкунанда ва калидиро дошт. Дар фазои ӯ бозии дигарон бадтар ба назар мерасиданд. Ин танқид нест, ин мушоҳида аст. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба “Барселона”, ман медонистам, ки Месси хуб аст, ҳар рӯз бозии ӯро тамошо кардан як лаззати воқеӣ буд. Вай ҳамеша таъсиргузор буд, ягон ҳаракатҳои нолозим анҷом намедод” – иқрор шудааст Куман.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив