LIVE

Ифтитоҳи майдончаи футбол дар Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футбол

Бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Хоруғ боз як майдончаи футбол сохта ба истифода дода шуд.
Ҳадафи ифтитоҳи ин майдонча  ба таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кӯдакону наврасони шаҳр ба футбол равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани майдони нави футболи хурд роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, намояндагони ФФТ иштирок намуданд. 
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ибтикори бунёди як майдончаи дигари футбол дар Хоруғ ва саҳми арзанда дар рушд ва оммавии футбол дар кишвар изҳори миннатдорӣ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив