LIVE

Ифтитоҳи ду майдонча дар шаҳри Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар остонаи таҷлили 26-умин солгарди Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду майдончаи муосири варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ба варзиш сурат гирифта, дар ҳудуди шаҳр ин 13-умин майдончаи зебоию замонавии варзимшӣ мебошад, ки бо чунин тарҳ барои варзикорони шаҳри Хоруғ сохта мешавад. Дар маросими ифтитоҳи  иншооти варзишӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов шарикони рушд аз Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ 6 майдончаи варзишӣ бо маблағи 872 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив