LIVE

Бунёди майдончаи варзишӣ дар н. Восеъ

Бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ - президенти Федератсияи футболи кишвар дар ҷамоати деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдончаи муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур  дар ҳудуди Муассисаи тиҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шудааст. Сохтани майдончаи варзишии замонавӣ аз сӯи Федератсияи футбол тӯҳфаи арзишманд ба сокинони ин ҷамоати деҳот буда, боиси ободии боз як гӯшаи диёр гардид. Федератсияи футбол ҳам талош хоҳад кард, то сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ боз чандин майдончаҳои варзишии дигар низ сохта ба истифода диҳад.  Ҳадафи асосӣ аз сохти толору майдончаҳои варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, ҳамчунин умед бар он аст, ки аз ҳамин майдонҳо варзишгарони номовари миллат низ ба воя расанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив