LIVE

Қаллобзане Роналдуро фиреб додааст

Қаллобзане дар тӯли се сол ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналдуро фиреб додааст. AS бо истинод аз рӯзномаи португалии “Jornal de Noticias” хабар медиҳад, ки қаллобзан ба футболбоз 288 ҳазор евро зарар расонидааст. Ба иттилои манбаъ, як зани 53-сола дар маркази таъмини парвозҳои сайёҳӣ аз Роналду барои 200 маротиба парвозе, ки футболбоз умуман ба анҷом надодааст, пул гирифтааст.

Криштиану ба ҳамон зан тафсилоти корти бонкӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро медодааст, ки аз ҷониби қаллоб истифода мешуд. То инҷониб ин зан ба ғайр аз Роналду футболбозони дигарро, аз ҷумла Нани, Мануэл Фернандеш ва агент Хорхе Мендешро фиреб додааст.

Вайро соли 2017 дар чанд ҷиноятҳо гунаҳкор донистаанд. Зан тӯли чаҳор сол аст, ки дар ҳабс аст ва пулҳои дуздиашро ба қурбониён бармегардонад. Нашрия нагуфтааст, ки қаллоб ҳар моҳ ба қурбониён чӣ қадар маблағ интиқол медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив