LIVE

Миннатдории Президенти "Истиқлол" аз мухлисон

Президенти бошгоҳи "Истиқлол" - Шоҳрух Саидзода ба мухлисон изҳори сипос кард. 
Дӯстони азиз, мухлисони азиз! Ба ҳамаи шумо барои дастгирии гарматон дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо муқобили тими "Персеполис" изҳори сипос мекунам. Ман аз дидани чунин дастгирии гарми Шумо нисбати даста ифтихормандам. "Истиқлол" бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ширкат варзид ва дар мавсими нахустини худ тавонист ба даври 1/8 финалии бонуфузтарин мусобиқаи қоравӣ роҳ ёбад. Ин дар таърихи футболи муосири тоҷик як рӯйдоди таърихист. Мо як дастаи хеле ҷавон ва умедворкунанда дорем, ки ҳамеша барои расидан ба дастовардҳои назаррас талош мекунад. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки шахсан ба ин бозӣ омаданд ва ба ҳамаи онҳое, ки дар хона дар назди телевизор ҷонибдори мо буданд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи ҳамватанони мо, ки аз хориҷи кишвар низ моро дастгирӣ карданд. Мағлубият моро боз қавитар месозад, ваъда медиҳем, ки мо боз ҳам қавитару пурқувваттар хоҳем шуд ва ба оянда дилпурона нигоҳ хоҳем кард. Натиҷаҳои солҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки футболи тоҷик дар роҳи дуруст қарор дорад. Ва ин хидмати хеле назарраси Федератсияи футболи кишвар аст. Барои таблиғ ва инъикоси саривақтии рӯйдодҳои атрофи бозӣ ба намояндагони ВАО, инчунин ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ва директори  Варзишгоҳи марказӣ барои дастгирӣ дар баргузории бозӣ миннатдорӣ баён мекунам
- гуфтааст роҳбари "Истиқлол".

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив