LIVE

Беҳтарин футболбоз аз нигоҳи олимон

Тибқи иттилои Daily Mail, Том Кроуфорд, доктори илми математика, аз Донишгоҳи Оксфорд формулаи махсусеро таҳия кардааст, ки беҳтарин футболбози таърихро муайян мекунад.

Мутахассис футболбозонро омӯхт, ки ҳадди аққал ду маротиба “Тӯби тиллои”-ро соҳиб шуданд. Вай формуларо таҳия кард, ки ғалабаҳоро дар мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҷоизаҳои инфиродӣ, голҳои дар бошгоҳҳо ва тимҳои миллӣ задашуда ва шумораи овозҳое, ки дар мубориза барои "Тӯби тиллоӣ" гирифтаанд, ба назар мегирад.

Тибқи таҳқиқот, беҳтарин футболбози таърих ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду мебошад. Ҷойи дувумро дар раддабандӣ ҳамлагари “ПСЖ” Лионел Месси,  мақоми сеюмро Пелеи бразилӣ ишғол кардааст. Илова ба бозигарони номбаршуда, футболбозони собиқ Ференс Пушкаш ва Роналдо ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуданд.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив