LIVE

"Хуҷанд" дар шаҳри Душанбе аз "Душанбе" шикаст хӯрд

Дар даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ – марказии пойтахт дастаи “Душанбе” бо тими футболи “Хуҷанд” рақобат намуд. Бозигарони дастаи “Душанбе” бо шикаст додани “Хуҷанд” ба чор бозии пайдарҳами бидуни ғалабаи худ нуқта гузоштанд. Дар дақиқаи 25-уми бозӣ Парвизҷон Ҳамидов голи аввалини вохӯриро зада, соҳибони майдон ба пеш баромаданд. Пайти аввали вохӯрӣ бо як голи дастаи душанбегӣ ба анҷом расид. Дар идомаи вохӯрӣ шогирдони Рустам Хоҷаев барои баробар намудани ҳисоб талоши зиёд карданд ва дар дақиқаи 81-уми рақобат довари марказ ба нуқтаи 11 метра ишора кард. Комрон Турсунов аз ин имконият самаранок истифода карда, ҳисобро 1 бар 1 намуд. Аммо бо гузарои 1 дақиқа аз иҷрои пеналти бозигарони дастаи “Душанбе” голи дуюмро ба дарвозаи “Хуҷанд” заданд. Муаллифи зарбаи  ғалабаовари дастаи “Душанбе” - Хуршед Абдулоев гардид.  Ёдовар мешавем, ки барои “Хуҷанд” ин 5-уми бохт дар Лигаи олии малмакат маҳсуб мешавад. Дастаи “Душанбе”  бошад, аз 4-умин ғалабаи худ дар 18 бозии анҷомдодааш истиқбол кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив