LIVE

Голи Илҳом Баротов "Истаравшан"-ро аз нокомӣ наҷот дод

Даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олӣ ба охир расид.
Пешсафи чемпионат «Истиқлол» бидуни мушкилӣ аз дастаи  «Душанбе» имтиёз ситонид.  «Истиқлол» ба дарвозаи ин рақибаш 5 голи беҷавоб зад.
«Хуҷанд» дар майдони худ «Хатлон» -ро мағлуб кард (2: 0). КМВА дар меҳмонӣ «Эсхата» -ро шикаст дод (2: 1). Ду бозии дигари даври ҳабдаҳум - "Файзканд" - "Равшан" (0: 0) ва "Истаравшан" - "Куктош" (2: 2) бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расид. Даври охирини марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 28 ва 29-уми август баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив