LIVE

Депай:"Ман вақти бо Месси салом карданро пайдо накардам"

Ҳамлагари дастаи «Барселона» Мемфис Депай гуфт, ки ҳатто вақт барои шинос шудан бо Месссиро наёфтааст.

«Ман вақт пайдо накардам, ки бо ӯ шинос шавам. Вай дертар аз истироҳат баргашт, баъди бозӣ кардан дар Ҷоми Амрико. Ман ҳатто вақт наёфтам, ки бо ӯ салом кунам. Шояд ягон вақт муқобили ҳамдигар бозӣ мекунем  ва ё ӯ ба бошгоҳ бармегардад. Кӣ медонад?!»,-иқтибос меорад суханҳои Депайро Diario Sport.

Ҳамлагари 27-солаи нидерландӣ ҳамин тобистон аз дастаи «Лион» ба дастаи каталонӣ гузариш намуд. Депай ба ҷуз «Лион» дар дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «ПСВ» низ ҳунарнамоӣ кардааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив