LIVE

Ҳимоятгари «Челси» ба «Лион» рафт

Ҳимоятгари дастаи «Челси» Эмерсон Палмери фаъолияти варзишиашро дар Фаронса идома медиҳад. Қаҳрамони Аврупо дар ҳайати мунтахаби Италия ба дастаи «Лион»  гузариш кард, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ. Эмерсон ба таври иҷора дар ин даста бозӣ мекунад.

Дар мавсими гузаштаи чемпионати Англия ҳимоятгари 27-сола дар 2 бозии дастааш бозӣ карда, ҳар ду маротиба аз курсии эҳтиётӣ вориди майдон гардидааст.

То «Челси» Эмерсон дар ҳайати «Рома», «Палермо» ва «Сантос» низ ҳунарнамоӣ кардааст. Шартномаи бозигар то тобистони 2022 қадр дорад. Портали Transfermarkt арзиши ҳимотягарро 14 млн евро баҳо медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив