LIVE

Рибери футболро бас карданӣ нест


Собиқ ҳимоятгари дастаи «Фиорентина» Франк Рибери футболбози озод гардид ва пешниҳоди дастаҳоро интизор аст.

Сомонаи Sport Bild хабар медиҳад, футболбози 38-сола баъди хотимаи шартномааш бо дастаи итолиёвии «Фиорентина» ба Мюнхен баргашт ва мехоҳад вақти худро бо оилааш дар ин ҷо гузаронад ва хоҳиши идома додани фаъолияти варзишиашро дар Олмон дорад. Аз рӯи иттилои манбаъ, Рибери намехоҳад фаъолияти варзишиашро ба охир расонад ва то 40 солагӣ хоҳиши бозӣ карданро дорад.

Рибери соли 2019 ба дастаи «Фиорентина» гузариш намуда буд ва пеш аз ин 12 сол дар ҳайати сурхпӯшони «Бавария» ҳунарнамоӣ кардааст. Дар тӯли фаъолияташ дар дастаҳои «Марсел» ва «Галатасарай» низ бозӣ кардааст. Дар мавсими гузашта Рибери дар 29 бозии дастааш иштирок карда, ба задани 2 гол ва 6 партофти головар даст ёфтааст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив